Рӯзҳои 5 - 6-уми майи соли 2025, дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар кори Комиссия роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин, таъсиси кумитаҳо ва гурӯҳҳои корӣ барои пайгирии тавофуқоти бадастомада ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин раванд, ҳамзамон, аз ҷониби вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии Комиссия ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси қисмати эронии Комиссия маросими баимзорасонии Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссия сурат гирифт ва дар маҷмуъ, байни Тоҷикистону Эрон 5 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ имзо шуд.
Бояд қайд кард, ки намояндаи Агентии Тоҷикстандарт – муовини директор Рустамзода Малоҳат, ба ҳайси аъзо дар кори ҷаласаи Коммиссия ширкат намуд ва дар ин замина бо масъули соҳавии ҷониби Эрон Харитаи роҳ оид ба иҷрои Ёддошти тафоҳум байни Агентии Тоҷикстандарт ва Созмони миллии стандарҳои Эронро ба имзо расонид.
Харитаи роҳи мазкур барои рушди озмоишгоҳҳо, мубодилаи таҷриба дар самти стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат, мубодилаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳамкории дуҷониба дар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, омӯзиш ва тадқиқот мусоидат мекунад.
-“Оғози ҳамкориҳои нав барои ҳамгироии байни вазорату идораҳои кишвари мо, махсусан дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва дигар намудҳои фаъолияти байнисоҳавӣ замина мегузорад ва дар ин робита мо метавонем аз таҷрибаи ҳамдигар самаранок истифода бурда, ба рушди савдои байни давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузорем.
Дар ҳуҷҷати баимзорасонида оид ба ҳамкории мо бо мақомоти стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, ба якдигар кумак намудан дар самти метрология, стандартонӣ, таҳия ва татбиқи регламентҳои техникӣ, иштирок дар омӯзиш, таҳия ва ҳамоҳангсозии лоиҳаи стандартҳои ҳарду ҷониб, мубодилаи стандартҳо ва мақолаҳои дахлдор барои рушди савдои байни ду кишвар, мубодилаи иттилоот дар бораи маҳсулот, ҳамкории озмоишгоҳҳо, инчунин, оид ба стандартҳо, омӯхтани имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот пеш аз ирсол, иштирок дар чорабиниҳо оид ба ташкили семинарҳо, конфронсҳо ва боздидҳо, омӯзондани кормандони ду мақомот ва дигар самтҳои фаъолият пешбинӣ гардидаанд ва мо омода ҳастем, ки дар доираи амали ин ҳуҷҷат ҳамкории босамарро ба роҳ монем.
Итминон дорем, ки ҳамкориҳо барои рушди фаъолияти минбаъдаи соҳаи стандартизатсия ва дар ин робита таҳкими иқтисоди ду кишвар нақши муассир мегузоранд”, - изҳор дошт, муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Рустамзода Малоҳат.
Ёдовар бояд шуд, ки дар раванди сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 15-17 январи соли 2025, Ёддошти тафоҳум байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарҳои Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология ба имзо расонида шуда буд.