ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ 5 ОШЁШАИ МАРКАЗИ ТАШХИСИ МИНТАҚАВИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
3 майи соли 2025 Раҳмон Исломиддин Хайриддин Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти корҳои сохтмонии бинои 5 ошёнаи маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарт дар ноҳияи Данғара шинос шуданд.
Бинои мазкур аз 5 ошёна, утоқҳои корӣ, таҳхона, ташхисгоҳи соҳавӣ, толори маҷлисгоҳ иборат буда, аз ҷониби роҳбарият таъкид карда шуд, ки ба сифати баланди корҳои сохтмонӣ диққати ҷидди дода шуда, дар муҳлати муайянгардида анҷом бахшанд.