29 апрели соли 2025 дар Агентии Тоҷикстандарт вобаста ба шарҳи умумии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуққвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, бо иштироки Розиқзода Алихони Абдуҳаким - Сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия вохӯрии судманд доир гардид.
Дар оғози ҳамоиш муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Сафарзода Мансур қайд намуд, ки ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо коррупсия бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, баҳри дар оянда тақвият бахшидани он тамоми чораҳо андешида мешавад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки коррупсия ин як зуҳуроти номатлуб аст, ки барои пешбурди фаъолияти мақомоти давлатӣ монеаҳо ба вуҷуд меорад, аз ин лиҳоз барои мубориза бар зидди он бояд чораҳои дастаҷамъӣ андешид.
Сипас, Розиқзода Алихон - Сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳтаво ва муқаррароти Қонуни мазкур, ҳамзамон, талаботҳои дахлдори Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ изҳори назар намуд.
Илова бар ин, мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки муқовимат бо коррупсия танҳо вазифаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, балки вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа буда, мову шумо бояд бар зидди коррупсия дастаҷамъона муқовимат намоем.
Дар идома муовини директор таъкид дошт, ки кормандони Агентии Тоҷикстандарт бояд дар фаъолияти касбии худ талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди дастур қарор дода, поквиҷдонона ва беғаразона амал намуда, ба шаъну шараф, обрӯю эътибори Агентии Тоҷикстандарт иснод наоваранд.