23 август дар Ҷумҳурии Қазоқистон интихоботи вакилони Қурултой баргузор гашт. Дар мониторинги раванди интихобот ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ (АБП СПАД) иштирок карданд. Дар ҳайати нозирони байналмилалӣ намояндагони парламентҳои кишварҳои узв, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи МнМОҶТ Ашурзода Ғиёсиддин ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар доираи фаъолияти мониторингӣ аз раванди омодагӣ ва баргузории интихобот дар қитъаҳои интихоботӣ шинос шуда, ба тартиби ташкили овоздиҳӣ, фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои иштироки шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Намояндагони Тоҷикистон дар доираи фаъолияти худ бо раванди ташкили интихобот ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ шинос шуда, андеша ва мушоҳидаҳои худро вобаста ба ҷараёни интихобот ва аҳамияти баргузории мониторинги байналмилалӣ баён намуданд.
Ба таъкиди онҳо, иштироки намояндагони парламентҳои кишварҳои узв дар чунин миссияҳо барои табодули таҷрибаи байнипарлумонӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи интихоботии кишварҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, чунин мониторинг имкон медиҳад, ки намояндагони парламентҳо раванди интихоботро бевосита мушоҳида намуда, таҷрибаи ташкили маъракаҳои интихоботӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботиро омӯзанд.