14.08.26 Дар шаҳри Тошканд Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар конфоронс раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Маҳмадшоҳ Гулзода зикр намуд, ки бо тай намудани роҳи устувори рушди давлатдорӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии худ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон сиёсати созанда ва дурбинонаеро пеш мебарад, ки ба таҳкими фазои ҳамсоягии нек, эътимоди мутақобила ва рушди ҳамкории созанда миёни давлатҳои минтақа нигаронида шудааст.
Ӯ таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бар пояи пайвандҳои амиқи таърихию фарҳангӣ ва маънавӣ, суннатҳои деринаи ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила устувор буда, бо иродаи сиёсии роҳбарияти ду кишвар пайваста таҳким ёфта, ба сӯи рушди бештари дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории созанда равона гардидаанд.
Зикр гардид, ки сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар ин раванд, имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ ҳамчун рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, ба аҳамияти Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар ишора гардида, ин иқдом ҳамчун намунаи муҳимми иродаи сиёсии кишварҳои минтақа барои ҳалли масъалаҳои муштарак дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила арзёбӣ шуд.
Дар ин замина, ба нақши дипломатияи парлумонӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ яке аз василаҳои муҳимми таҳкими эътимод буда, барои нигоҳ доштани руҳияи муколама, табодули таҷриба ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории дарозмуддат мусоидат мекунад.
Дар ин робита, дастгирии кишварҳои минтақа аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамчун нишонаи муҳимми болоравии сатҳи эътимоди сиёсӣ ва дарки масъулияти муштарак барои ояндаи минтақа арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми суханронӣ изҳори итминон карда шуд, ки парлумонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд низ дар таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ, рушди шарикии стратегӣ ва мусоидат ба таҳкими фазои сулҳ, субот ва ҳамкории созанда дар Осиёи Марказӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.