12.06.26 Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки ба масъалаҳои рушди минбаъдаи низоми маблағгузории тандурустӣ ва таъмини дастрасии устувори аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ бахшида шудааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои такмили механизмҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории амалкунанда бо равишҳои нави пешбинишуда дар доираи ислоҳоти соҳа мавриди баррасї қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таъсиси Агентии давлатии маблағгузории хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ (АГМХТ), ки дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» татбиқ хоҳад шуд, равона гардид.
Иштирокчиён таҷрибаи байналмилалии ташкили маблағгузории соҳаи тандурустӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти АГМХТ ва дурнамои рушди минбаъдаи низоми суғуртаи ҳатмии тиббиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни муҳокима роҳҳои эҳтимолии такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ муайян карда шуданд.