Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
14.Мутахассиси пешбари раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ ва ташрифотӣ (категорияи шашум) - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 2502 сомонӣ,
Талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи якум:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм;
- донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи дуюм:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм;
- донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи чорум:
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
- донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи шашум:
таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои ишғоли мансаби маъмурии категорияи ҳафтум:
таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
- малакаи хуби муошират;
- малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Ҳамаи довталабони мансабҳои маъмурии категорияҳои номбурда:
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ҳатмист.
Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли- 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
- нусхаи шиносномаи шахсӣ;
- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 42,
телефонҳо барои маълумот: 221-33-07