23.12.25 Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насрулло бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин ба сухан баромада таъкид дошт, ки Паёми имсола ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва стратегӣ вазифаҳои муҳимро дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муайян намудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насрулло зимни суханроӣ қайд намуд, ки Паёми Президенти кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷати расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки Президенти кишвар таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.
Президенти кишвар дар Паёми хеш, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд.
Дар баромадҳо таъкид гардид, ки мо, сокинони кишвар вазифадорем, ки нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ободониву шукуфоии кишвар аз ҳар вақта дида беҳтару хубтар кору зиндагӣ кунем.
Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон бо изҳори сипос аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумат, ба вакил саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал гирифтанд.