Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ - Ҳаким Давлатзод ба ҳайси нозир дар интихоботи Жогорку Кенеш (Парламент) -и Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 ноябр дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихоботи Жогорку Кенеш, бо сабаби пеш аз муҳлат пароканда шудани ҳайати собиқ, тибқи модели нав доир шуд. 90 вакил ба Жогорку Кенеш аз 30 ҳавзаи бисёрмандатӣ — аз ҳар ҳавза се вакил, ки бештарини овозҳоро ба даст оварданд, интихоб шуданд. Дар ҳар ҳавза риояи квотаи гендерӣ ҳатмӣ буд.
Аз се вакили интихобшуда як нафарашон зан мебошад.
Тавре Ҳаким Давлатзод иттилло дод, интихобот дар сатҳи баланд, фазои демократӣ, озод, шафоф ва бо риояи қонунгузории ин кишвар доир шуд.