14.11.25 Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи Думаи Давлатии Федератсияи Россия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии авруосиё ва робита бо ҳамватанон Леонид Калашников баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои ҳамзистӣ, таърихи муштараки халқҳоямон ва муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия В. Путин сарчашма мегиранд.
Муносибатҳои байнипарламентии кишварҳоямон рӯз то рӯз густариш ёфта истодаанд, ки ба рушду таҳкими муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт, сайёҳӣ, варзиш ва ғайра заминаи устувор фароҳам меоваранд. Забони русӣ дар кишвари мо мақоми конститутсионӣ дошта, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон зиёд шуда истодаанд.
Зикр гардид, ки мулоқоти имрӯза низ ба таҳкими муносибатҳои байнипарламентии кишварҳоямон, дӯстӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат хоҳад намуд.