12.11.25 Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо бо Танзила Нарбаева - Раиси Сенати Мажлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот доир намуданд.
Тарафҳо роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати минбаъд низ роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба оид ба такмили қонунгузорӣ, парламентаризм, рушди иқтисодиву, иҷтимоӣ ва тиҷоратии тарафайн ҳамчун шарикони стратегӣ дар таъмини амнияту зиндагии шоистаи аҳолии минтақаҳо ибрози ақида намуданд.
М.Муинӣ зикр намуд, ки бо шарофати муносибатҳои дӯстонаи Сарони давлатҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайваста, муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
То имрӯз, заминаи шартномавӣ - ҳуқуқии байни кишварҳои мо зиёда аз 200 ҳуҷҷатро дар бар мегирад, ки дорои васеи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодї, робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи иштироки ҳайати парламентӣ дар ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.