Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Латифзода Рустам зимни мулоқот зикр намуд, ки мо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои дўстона бо Ҷумҳурии Арманистон аҳаммияти хоса медиҳем.
Ҷумҳурии Арманистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд ва барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд пайваста кўшиш менамояд.
Ҳамкориҳои мо пеш аз ҳама бар асоси принсипҳои эътирофшудаи байналмилалӣ — баробарҳуқуқии давлатҳо, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳо, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд сурат мегирад. Дар ин замина, мо ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ омодаем, ки бар асоси эҳтироми мутақобила, ҳамкории созанда ва руҳи некбинӣ муносибатҳои худро тақвият диҳем.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз бо шарофати иродаи сиёсӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян муносибатҳои байни кишварҳоямон хусусияти рушди устуворро касб намудаанд.
Айни ҳол робитаҳои байни ду кишвар бар асоси 42 созишномаи байналмилалӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин заминаи муҳимми таъмини самаранокии ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам меорад. Дар байни ин санадҳо Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ҷойгоҳи хоса дорад. Маҳз дар асоси ҳамин пояи ҳуқуқии байналмилалӣ муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон рушд намуда, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳо тавсеа меёбанд.
Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тавассути муколама, вохӯриҳои мунтазам ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ гардид.
Мо ҷонибдори густариши ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва ИДМ ҳастем, - гуфт дар фарҷом Латифзода Рустам.