Имрӯз ҳайати ВКД Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Аюбхон Раҳматуллаев аз бинои нави Парламенти Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати ВКД Ӯзбекистон рӯзҳои 3-5 ноябри соли 2025 ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ва нишасти роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо бо сафари корӣ қарор доштанд.
Дар ҳошияи сафари корӣ меҳмонон аз бинои нави Парламенти кишвар боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро тарҳ, маҷлисгоҳу дафтарҳои кории васеу барҳаво ва нақшу нигори бино басо писанд омад.