Санаи 2 октябри соли 2026 дар бинои Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа вобаста ба иҷрои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030 баргузор гардид, ки дар он муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримӣ Р., мудири бахши ҳуқуқ, такмил ва маниторинги хариди давлатӣ Ризоева Ш. ва дигар шахсони масъул баромад намудаанд.
Каримӣ Р. зимни баромади хеш иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир ба хатарҳои нав ба нав, ба монанди гармшавии иқлими сайёра, паҳн шудани ҳама гуна бемориҳо, хушксолӣ ва гуруснагӣ, алалхусус, шиддат гирифтани муқовиматҳои мусаллаҳона ба монанди терроризм ва ифротгароӣ ба миён омада истодааст.
Яке аз зуҳуроте, номатлуби дар ҷаҳони муосир, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст ин терроризм ва экстремизми мебошад. Воқеан ҳам ин вожаҳои даҳшатнок, ноором сохтани ҷомеа, дар дили мардум тарсу ҳарос, куштору қатл ва дигар нобасомиҳоро пеши назар меорад. Нафаре шомили ин гурӯҳ мешавад аллакай аз муҳити инсонгарӣ баромада, танҳо мақсаду ҳадафаш ноором сохтани ватан мебошад. Ин падида (терроризм ва экстремизм) дар замони муосир ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад.
Хушунатҳои экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд. Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.
Ҷангҳои иттилоотии роҳандозигардида тавассути имкониятҳои фаровони интернетӣ ба пайравони ин ташкилотҳо имконият медиҳад, ки таблиғоти харобкоронаашонро ба афкори гурӯҳҳои алоҳида, аксаран муҳоҷирони меҳнатии берун аз қаламрави мамлакат ва ҳатто ҷавонони синфҳои болоии мактабҳо ва донишгоҳҳо таъсиррасон гардад.
Бо дарназардошти чунин шароит моро зарур аст, ки дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор аз ҳарвақта дида бештар ба ҷидди ва бомасъулият бошем.
Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Зимни вохурӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои мазкур баромадҳои пурмуҳтаво намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба роҳу усулҳои пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа баён доштанд.