Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи самараноки он тамоми имкониятҳо истифода мешаванд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд. Ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми босазо гузоранд.
Дар Паёми навбаӣ ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ гардида, нақши онҳо дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар махсус таъкид гардид. Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, технологияҳои муосир, соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас доранд.
Ҳамзамон, дар Паём таъкид гардид, ки барои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон шароити мусоид ва имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил, касбомӯзӣ, кору фаъолият ва рушди қобилиятҳо фароҳам оварда шавад. Ин раванд барои омода намудани насли ҷавони соҳибмаърифат, соҳибкасб ва масъулиятшинос заминаи муҳим мебошад.
Набояд фаромуш кард, ки андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми самтҳо сиёсат, иқтисодиёт, иҷимоиёт ва фарҳангу маънавиёт ба амал омадаанд, ки мардумро ба дӯстиву рафоқат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар ин ҷода ҳиссаи ҷавонон хеле назаррас буда, ҷавонони мамлакати тозаистиқлол ба ҳайси роҳбар, сиёсатмадор, вакили мардумӣ, ҳуқуқшинос, табиб, мураббӣ, муҳандису технолог дар тамоми соҳаҳо фаъолият карда дар рушди нумӯи ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими марбут ба ҷавонон рушди дониш, илм, технология ва касбу ҳунарҳои муосирмебошад. Дар соли 2025 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 ҳазор шаҳрванд дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, тавассути барномаи давлатии «Рушди касбомӯзӣ ва дастгирии соҳибкорӣ» 1590 нафар ҷавонону бонувон соҳиби касбу ҳунар гардиданд.
Дар баробари ин, масъалаи шуғл ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон низ аҳамияти муҳим дорад. Фароҳам овардани имконият барои соҳибкасб шудан, рушди малакаҳои касбӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти созанда аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат дар Паёми имсола таваҷҷуҳи асосиро ба тағйирёбии босуръати равандҳои ҷаҳонӣ, таъсири технологияҳои муосир ба иқтисод ва ҷомеа, таҳдидҳои нави амниятӣ, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона намуданд. Роҳбари давлат зарурати гузариш ба иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва шаффофияти равандҳои идоракуниро таъкид намуда, рушди кадрҳои ҷавони дорои малакаҳои рақамиро шарти асосии пешрафти мамлакат арзёбӣ намуданд.
Инчунин, дар баробари баррасии самтҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар аз ҷониби Пешвои миллат ба соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, ҳамаи ҷанбаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла, бахшҳои маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг, таълиму тарбия, ҷавонон, занон, варзиш, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа, мубориза алайҳи қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм, пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанг ва ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва ҳоказо бо назардошти пешрафт ва камбудиҳои ҷойдошта матраҳ гардиданд.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат чунин иброз намуданд: “Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем!
Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд. Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем!”,-изҳор намуданд Президенти мамлакат.
Нуктаи муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рақамикунонии соҳаи маориф зоҳир гардид. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат самаранок истифода намуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро мутобиқ ба талаботи замони муосир рушд диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки: “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.
Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам пурсамар ба назар мерасад. Ҳар гуна тадбирҳое, ки дар кишвар андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
Дар хотир бояд дошт, ки ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимодашонро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ дучанд менамояд.
Дар маҷмуъ, худоогоҳиву худшиносии миллӣ ҷавононро водор месозад, ки ба қадри Модар–Ватан, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳанги куҳани халқи худ бирасанд ва барои гузоштани мероси арзанда ба наслҳои оянда кӯшиш намоянд.
Дар ин робита дар қатори дигар мақомотҳову идораҳои давлатӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои зиёди ҷавонро тарбия карда имрӯз аз сиёсати пешгирифта ва кордонии ҷавонони адлия истиқбол мегирад.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон