Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки забон на ин ки мавҷудияти миллатро таъмин месозад, балки таъриху тамаддун ва фарҳанги моддиву маънавии миллиро низ бо худ ҳифз менамояд. Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.
Таъкид карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ доман паҳн намуда, ба ҳайси забони расмии коргузорӣ, илму фарҳанг, санъат ва муошират эътироф гардида, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Пешвои миллат нақш ва манзалати забонро дар ҷомеа чунин шарҳ додаанд: «Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст».
Дар ҳамоиш нақш ва хизматҳои хастанопазиру талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва барқарор намудани забони тоҷикӣ бениҳоят назаррас арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақдири имрӯзу фардои забони тоҷикӣ пайваста таваҷҷуҳ намуда, мавриди омӯзишу андешаи ҳамешагиашон қарор дошт ва то ҳол низ идома дорад.