Дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва шарти асосии таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки сатҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар аз фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони он вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ташаккули шахсияти дорои дониш, эҳтиром ва масъулияти ҳуқуқӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати умумимиллии тамоми ҷомеа мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва рафтори ҳуқуқии шахс буда, тавассути он инсон моҳияти қонун, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва ҷомеа дарк менамояд. Шаҳрванди дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қонунро ҳамчун воситаи таъмини адолат, ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва рушди давлат арзёбӣ намуда, фаъолияти худро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад. Дар чунин шароит эҳтиром ба қонун ба меъёри зиндагӣ ва фарҳанги шаҳрвандӣ мубаддал мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мавқеи хос дорад. Ҳадафи асосӣ аз ин сиёсат ташаккули ҷомеае мебошад, ки дар он волоияти қонун таъмин гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ ҳифз карда мешаванд. Баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, болоравии масъулияти шаҳрвандӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат намуда, барои рушди устувори ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Дар шароити муосир шаҳрванд танҳо бо донистани ҳуқуқҳои худ маҳдуд шуда наметавонад. Ӯ бояд дар баробари ҳуқуқҳо уҳдадориҳои худро низ амиқ дарк намояд. Танҳо дар ин сурат тавозуни манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат таъмин мегардад. Риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон, масъулиятшиносӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз нишонаҳои асосии шахси соҳибмаърифат ба шумор мераванд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ пеш аз ҳама аз низоми маориф оғоз меёбад. Муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии насли наврас нақши калидӣ доранд. Омӯзиши фанҳои ҳуқуқшиносӣ, шиносоӣ бо асосҳои давлатдорӣ, Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷавонон ҳисси эҳтиром ба қонун ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият мебахшад. Дар баробари ин, баргузории конференсияҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳои ҳуқуқӣ ва вохӯриҳо бо мутахассисони соҳа метавонад шавқу рағбати ҷавононро ба омӯзиши ҳуқуқ бештар намояд.
Дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ нақши оила низ хеле муҳим мебошад. Маҳз дар муҳити оила кӯдак аввалин мафҳумҳои масъулият, адолат, эҳтиром ба дигарон ва риояи қоидаҳои ҷамъиятиро аз худ мекунад. Агар дар оила фазои эҳтиром ба қонун ва тарбияи дуруст вуҷуд дошта бошад, эҳтимоли содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ба маротиб коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, ҳамкории пайвастаи оила, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ барои тарбияи шаҳрвандони соҳибфарҳанг аҳаммияти бузург дорад.
Дар баробари ин, воситаҳои ахбори омма ва технологияҳои муосири иттилоотӣ имкониятҳои навро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд. Имрӯз шаҳрвандон метавонанд тавассути манбаъҳои расмии иттилоотӣ бо қонунгузории амалкунанда, тағйиру иловаҳои он ва тартиби ҳифзи ҳуқуқҳои худ шинос шаванд. Истифодаи дурусти ин имкониятҳо сатҳи саводнокии ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардошта, дастрасии мардумро ба иттилооти ҳуқуқӣ таъмин менамояд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими баланд будани маърифати ҳуқуқӣ пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ нишон медиҳад, ки қисми муайяни қонуншиканиҳо аз надонистани талаботи қонун ё муносибати бемасъулиятона нисбат ба онҳо сар мезананд.
Шахсе, ки аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва оқибатҳои амали худ огоҳ аст, пеш аз анҷом додани ҳар гуна рафтор онро аз нигоҳи қонун арзёбӣ менамояд. Аз ин ҷиҳат, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муассири пешгирии ҷинояткорӣ, коррупсия, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ хизмат мекунад.
Ҳамзамон, маърифати ҳуқуқӣ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқ ва имкониятҳои қонунии худ огоҳ аст, дар ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ баҳои воқеъбинона медиҳад. Ин раванд барои таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ, рушди демократия ва волоияти қонун аҳаммияти хоса дорад.
Дар ҷамъбаст метавон таъкид намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ на танҳо омили муҳими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, балки асоси рушди давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини суботи ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат бо эҳтиром ба қонун, иҷрои содиқонаи уҳдадориҳои худ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои пешрафти давлат саҳми арзанда мегузорад. Аз ин рӯ, такмили маърифати ҳуқуқӣ бояд ҳамчун раванди доимӣ ва вазифаи муштараки давлат, ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯст арзёбӣ гардад. Танҳо бо чунин муносибат метавон ҷомеаи ҳуқуқбунёд, адолатпарвар ва пешрафтаро бунёд намуд, ки дар он қонун мақоми олӣ дошта, инсон ва ҳуқуқҳои ӯ арзиши меҳварӣ маҳсуб ёбанд.
Фарҳодзода Фирдавс Фарҳод
Мутахассиси пешбари раёсати
кадрҳо ва корҳои махсуси ВА ҶТ