Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки дар ин замина омодагии шахс ба шароити нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва пайдо намудани решаҳои ташаккули ҷаҳонбинии он дар таносуб бо арзишҳои нави ҳуқуқӣ, ки имрӯз бо мушкилоте мувоҷеҳ шудааст, нақши тарбияро дар тамоми сатҳи ҷомеа афзун менамояд. Зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педогогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.
Дар ҳақиқат, таъмини ислоҳоти самтҳои мухталифи фаъолияти ҳаёти ҷомеа, қабули санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ чун амсоли тарбия, махсусан тарбияи ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, домангир шудан ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштан ба устуворгардии мавқеу манзалати истиқлолияти кишвар, боз ҳам тақвият мебахшад.
Дарки зарурии тарбияи ҳуқуқӣ ва афзунгардии нақши он дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди ҷомеаи инсонӣ, аз қабили қонуншиканиҳо дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 апрели соли 1997 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1997 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва фаъолияти ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” дарҷ гардидааст.
Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030» тасдиқ гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад. Ҳадафи асосии Барнома баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонун мебошад. Дар ҳуҷҷат таъкид шудааст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барнома ба самтҳои зерин равона шудааст:
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
- ташаккули шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ;
- баланд бардоштани сатҳи дониши шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои онҳо;
- тарғиби риояи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ;
- ҷалби воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои ҳуқуқӣ-маърифатӣ;
- таваҷҷуҳи бештар ба гурӯҳҳои аҳолие, ки ба иттилооти ҳуқуқӣ дастрасии маҳдуд доранд ё дар вазъи осебпазир қарор доранд;
Гузашта аз ин, нақши тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеаи навин дар тағйир ва ташаккули тафаккури шахс, эътирофи арзишҳои нави ҳуқуқӣ афзалиятнок буда, дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо мавқеи кофӣ пайдо кардааст. Барои идомаи амалисозии Барнома дар солҳои 2026–2030, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №162 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барнома барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шудааст. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки барои татбиқи он чораҳои зарурӣ андешанд. Барномаи мазкур яке аз воситаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ буда, татбиқи он барои ташаккули шаҳрванди ҳуқуқдон, масъулиятшинос ва эҳтиромкунандаи қонун ва дар маҷмӯъ барои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд замина фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун як намуди фаъолияти ҷамъиятӣ – ҳуқуқӣ, ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. Шуури ҳуқуқӣ маҷмӯи тасаввурот ва ҳиссиёте мебошад, ки муносибатҳои инсониро ба ҳуқуқва зуҳуроти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамояд. Шуури ҳуқуқӣ ҳамчун як намуди шуури ҷамъиятӣ, ки воқеияти ҳуқуқиро инъикос менамояд ё маҷмӯи донишҳои объективӣ оид ба таърих ва ҳолати ҷойдоштаи ҳуқуқ фаҳмида мешавад.
Шуури ҳуқуқӣ шакли шуури ҷамъиятӣ мебошад. Шуури ҷамъиятӣ шаклҳои гуногун, аз қабили шуури ахлоқӣ, сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ ва диг. мебошад. Ҳамаи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Инсон падидаҳои ҳаёти ҷомеаро ба таври умум дарк мекунад. Дарки ахлоқӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дигари воқеият раванди ягона аст. Дарки фалсафӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва дигар заминаи ташаккули шуури ҳуқуқӣ мебошад. Бидуни донишҳои илмӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ, арзишҳои ахлоқӣ, тафаккури сиёсӣ, падидаҳои ҳуқуқиро воқеан дарк намудан душвор аст. Аз ин рӯ, шуури ҳуқуқӣ бо тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ робитаи мустаҳкам дорад.
Ҳамзамон лозим ба таъкид аст, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти вазорат ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби қонунгузорӣ равона шудааст. Дар ин самт гузаронидани вохӯриҳои ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳияи маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, нашри мақолаҳо ва истифодаи имкониятҳои рақамӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ,
робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон