«Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад». Воқеан ҳам хеле хуб гуфтаанд Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон.
Дар асл Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Беҳуда нест, ки Истиқлолиятро неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ унвон мекунанд.
9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард. Ва ҳамасола 9 сентябрро шаҳрвандони мамлакат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд, ки ин ҷашн барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ яке аз ҷашнҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки роҳи тайнамудаи сиву панҷсоларо аз пеши назар гузаронида, бармало дарк менамоем, ки дар ин муддат бо татбиқи консепсияҳо, нақшаю барномаҳо дар масири бунёди Тоҷикистони навин ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем.
Умри истиқлоли давлатии мо сиву панҷ сол аст, аммо умри миллати мо ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳоро фаро мегирад. Ниёгони мо дар саргаҳи фанни давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои аввалини давлатҳоро барои башарият эҷод намуданд.
Ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 сол пур мешавад. Замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ба уҳда гирифтани масъулияти тақдири ояндаи миллату давлат хеле мушкил буд. Вақте Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба кор идома медод, бисёриҳо масъулияти роҳбарии давлат ва вазорату идораҳоро ба зимма намегирифтанд.
Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон давлатдории миллии тоҷиконро аз нобудӣ раҳоӣ бахшид. Пайдоиши миллати тоҷик агар реша дар умқи таърих дошта бошад ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол давлати ҷавон аст.
Масъалаи асосӣ ва муҳим, дастоварди арзишманде, ки омили ифтихору побарҷойии миллати мо дар охири асри XX гардид, ин ҳифзи давлатдории миллӣ буд, ки миллати мо аз уҳдаи он сарбаландона баромада тавонист.
Вазифаи дигари бисёр муҳим барқарор намудани ниҳодҳои асосии давлатдорӣ ба шумор мерафт ва он кори чандон осон набуд. Барқарор намудани ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз вазифаҳои мушкил маҳсуб мешуд. Ин ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба зудӣ эҳё ва пуриқтидору побарҷо гардиданд. Барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабули муқаддасоти миллӣ - Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ далели шоистаи давлатсозӣ ва соҳибистиқлолӣ буд. Бо қабули Нишону Парчам истиқлолияти давлатӣ комил шуд.
Маънии истиқлолро имрӯз ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Аммо ба андешаи мо, шарҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳи дақиқ аст. Сарвари давлат мегӯянд: «Истиқлоли миллӣ, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол, дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ - умумияти забону ҳудуду фарҳанг, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ арзи ҳастӣ дорад, ки боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланд ба тамоми дунё, ба созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, давлатҳову миллатҳо исбот карданӣ аст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза ба муқобили ҳамаи таҳдиду хатарҳои глобалии замони имрӯз ҳаст.