МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” Дар асоси нақша чорабиниҳо дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо…
МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”
Дар асоси нақша чорабиниҳо дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуда истодааст.
Вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ вобаста ба самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлгӣ, пушидани либосҳои миллӣ, сарфакорона истифода бурдани неру барқ инчунин оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.