Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 16-уми декабри соли 2025 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи намояндагони ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардида бо сокинони ноҳияи Темурмалик аз наздик вохӯри доир намуданд. Дар вохӯрии имрӯза иштирок доштанд кормандони Дастгохи раис, муовинони раиси ноҳия ва мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълими, омӯзгорон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ва дигар шахсони расмӣ, иштирок намуданд.