САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БАҚОИ ДАВЛАТ: ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ КАНГУРТ КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДОИР ГАШТ КАНГУРТ. Санаи 5-уми феврали соли 2026 дар толори Китобхонаи муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи…
САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БАҚОИ ДАВЛАТ: ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ КАНГУРТ КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДОИР ГАШТ
КАНГУРТ. Санаи 5-уми феврали соли 2026 дар толори Китобхонаи муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик конфронси илмӣ дар мавзӯи "Диабети қанд — паҳлуҳои тиббӣ ва роҳҳои пешгирӣ" баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулини муассиса ва коршиносон, аз ҷумла муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҳайдаров Зоиршо, сармутахассиси сифати таҳсилот Ҳайдаров Дилшод ва омӯзгори фанни биология Саидов Баҳодур иштирок намуданд.
Конфронсро сармутахассиси сифати таҳсилот Ҳайдаров Дилшод ифтитоҳ бахшида, доир ба паҳншавии ин беморӣ дар ҷаҳони муосир ва хатарҳои он маълумоти мухтасар дод. Сипас, омӯзгори кафедраи тахассусии муассиса Шодихон Раҷабов бо маърӯзаи муфассал баромад кард. Мавсуф дар бораи нишонаҳои клиникӣ, усулҳои муосири ташхис ва тавсияҳои муфид ҷиҳати пешгирии диабети қанд суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки тарзи ҳаёти солим ва ғизои дуруст омили асосии эмин мондан аз ин дард мебошад.
(манбаъ аз интернет)