ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК Дар асоси нақша чорабиниҳои дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти…
ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК
Дар асоси нақша чорабиниҳои дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуда истодааст.
Дар вохӯрӣ Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон, Мудири бахши занон ва оилаи МИҲД – и ноҳия Азиззода Хуршеда ва Котиби Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд Мирзоева Фотима дар Маҳаллаи №3 – и Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд, вобаста ба самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлгӣ, пушидани либосҳои миллӣ, сарфакорона истифода бурдани неру барқ инчунин оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.