Пайёми Ттабрикотии раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан ба муносибати “Соли нави 2026” – и мелодӣ.
Мардуми шарифу сарбаланд ва меҳнатқарини ноҳия дар қатори сокинони дигари манотиқи кишвари азизамон имрӯзҳо зери таасуроти амиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ки рӯзи 16 декабри 2025 ироа гардид. қарор доранд.
Бо эҳсоси фараҳу шодмонӣ, ифтихор аз ин Ватану Сарвари муаззами он,бо орзую ниятҳои нек фарорасии соли нави мелодии 2026-умро истиќбол менамоянд. Аз ин рӯ, кулли мардуми шарифу сарбаланди ноҳияро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда ва барори кору дастовардҳои тозаи мењнатиро таманно менамоям.
Соли 2025, ки мо ба он хайрбод менамоем, барои кишварамон соли пурфайзу бобарор, соли рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба шумор меравад. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипаригардида ҳамчунин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодию сиёсии халқу кишвар ба вуқӯъ пайвастанд. Мамлакатамон аз ҳарвақта дида, ободтару зисту зиндагии мардумамон боз ҳам хубтару беҳтар гардиданд. Соли 2025-ро метавон соли рӯйдодҳои таърихӣ ва ҷашну санаҳои муҳим ном бурд.
Дар ин сол 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар, вилоят ва ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таљлил карда шуда, дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мо низ чандин иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, №10 ва №24, Варзишгоҳ дар маркази Ҷамоати деҳоти Кангурт ва шуъбаҳои “Таваллудхона”, “Эҳёгарӣ” ва “Кудакона”-и Беморхонаи марказии ноҳия кушода шуда, ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 барои 144 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод ба истифода дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхона аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар соли сипаригардида инчунин мардуми кишвар боз дар қатори дигар ҷашну санаҳои таърихӣ, яке аз ҷашнҳои бисёр арзишманд 28-солагии Ваҳдати миллиро бо тантана ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Вобаста ба тақвиму солшумориҳо бояд зикр кард, ки дар гузашта мо тоҷикон, тақвиму солшумориҳои махсуси худро доштем.
Гузаштагони мо аз тақвиму солшумориҳои суғдӣ, зардуштӣ баъдан хуршедию ҳиҷрӣ истифода мебурданд. Аммо бо мурури вақт дар натиҷаи тағйироту дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ тӯли қариб ду аср аст, ки мардуми мо аз тақвими мелодӣ пурсамар истифода мебаранд.
Дар арафаи Соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мардуми мо ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин лиҳоз агар ба роҳи паймудаи заҳматкашони ноҳияаамон назар андозем ба таври қатъӣ гуфта метавонем, ки соли 2025 барои мардуми мо соли пурфайзу баракат ва вусъати корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, соли ташаббусҳои ватандӯстона ва пешрафту дастовардҳои калони меҳнатӣ буданд.
Илова ба ин бояд зикр кард, ки соли 2025 заҳматкашони ноҳия дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маорифу тандурустӣ, сохтмону саноат, кишоварзӣ ва соҳаҳои
дигар ба комёбиҳои назаррас муваффақ гаштанд. Аз ҷумла нақшаи қисми даромади буҷет, ҷамъоварии андоз ва андози иҷтимоӣ мутаносибан барзиёд таъмин карда шуда, кишоварзони ноҳия низ натиҷаҳои назарраси меҳнатиро соҳиб гардиданд.
Тавре, ки дар урфият мегӯянд, ҳар сол хосияти хоси худро дорад. Соли нави 2026 чуноне, ки Сарвари давлатамон ҳангоми ироаи Паёми навбатии хеш изҳор дошт, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ чи барои мардуми ноҳия ва чи барои тамоми сокинони мамлакат фаровон аз рӯйдодҳои хотирмон хоҳад буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои таъмини бечуну чарои ҳадафҳои стратегии кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт ва изҳори боварӣ намуд, ки мардуми кишвар корҳои созандагию бунёдкориро суръати нав бахшида, манфиати давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро баҳри таъмини бомуваффақияти ҳадафҳои стратегии кишвар, ободию шукуфоии Ватани азизамон равона месозанд.
Дар Соли Нав заҳматкашони ноҳия нақшаҳои зиёд доранд. Итминони комил дорем, ки мардуми шарифи ноҳия дар Соли Нав корҳои созандагию бунёдкориро баҳри иҷрои бемайлони нақшаҳои соли дарпешистода, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён меоянд, равона месозанд.
Дар фуроварди сухан бори дигар кулли мардуми шарифи ноҳияро бо фарорасии “Соли Нави мелодии 2026” аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон пеш аз ҳама, тансиҳатӣ, дар хонадонашон файзу баракат ва дар иҷрои нақшаҳои Соли Нав барору комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.
Соли Нав муборак, ҳамдиёрони азиз!