Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҳаллаи «Деҳи боло» чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ҲХДТ, мақомот ва вакилони…
Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҳаллаи «Деҳи боло» чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ҲХДТ, мақомот ва вакилони халқ иштирок намуда, аз арзишҳои таърихию маънавии Наврӯз ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки Наврӯз ҷашни эҳё, покӣ, бахшиш ва дӯстиву ҳамдилист.
Дар фарҷом ба як қатор ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, фаъолони ҳизб бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Барномаи рангини фарҳангӣ бо суруду таронаҳои миллӣ ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.