eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
Озмуни «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»
Home
More
The Executive Body of State Power of Sino District of Dushanbe City
News
Озмуни «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»
1 April 2026
Озмуни «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»
1 апрели соли ҷорӣ дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озмуни нрҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дар сатҳи баланд баргузор гардид.…
Previous slide
Next slide
1 апрели соли ҷорӣ дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озмуни нрҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки намояндагони
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе
ва сохторҳои дахлдор дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, инчунин директори филиали «Амонатбонк» Нисо Баҳромӣ иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маҳорати кадбонугии занону бонувон ва тарғиби фарҳанги дастархонороии тоҷикона роҳандозӣ шуд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки баргузории озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ, тарғиби фарҳанги дастархонороӣ ва густариши ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.
Дар рафти озмун иштирокчиён маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллӣ, ороиши дастархони идона ва муаррифии фарҳанги тоҷикона нишон доданд. Аз ҷумла, яке аз иштирокчии озмун Латипова Гулпарӣ бо сатҳи баланди омодагӣ, маҳорати касбӣ ва ҳунари волои кадбонугӣ иштироки фаъолона намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби масъулин идомаи чунин иқдомҳои фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Хабарҳои охирин
Centralised website of government and municipal services