Бо мақсади иҷрои қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2026, таҳти №34 «Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ва қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии фестивали…
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16 марти соли 2026, таҳти №34 «Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ва қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии фестивали мазкур, санаи 2 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси ноҳия Мунир Шарофиддинзода ҷаласа баргузор гардид.
Зимни баргузории ҷаласа Мунир Шарофиддинзода иштирокчиёни фестивалро барои иштироки фаъолона ва муаррифии шоистаи ноҳия изҳори сипос намуда, аз номи Раиси ноҳияи Сино ба ғолибон диплом ва мукофотпулӣ тақдим кард.