Дар минтақаи 10 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ситора Сафарализода, намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Сино, сокинони маҳаллӣ баргузор…
Дар минтақаи 10 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ситора Сафарализода, намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Сино, сокинони маҳаллӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи идона доир гардида, сокинони минтақа бо ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ дар он фаъолона ширкат варзиданд. Дар ташкили ин маъракаи фарҳангӣ сардори минтақа Сироҷова Хайриннисо саҳми назаррас гузошта, ҳамзамон сокинони меҳмоннавоз низ бо иқдому дастгирии худ ба баргузории он рангу ҷило бахшиданд.
Барномаи идона бо намоиши ҳунару истеъдоди насли наврас оғоз ёфт. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90 ва тарбиятгирандагони кӯдакистони №66 бо қироати шеърҳои дилнишин ва баромадҳои ҷолиб хотири ҳозиринро шод гардониданд. Суруду таронаҳои идона, либосҳои миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ ба чорабинӣ ҳусни хос зам намуданд.