Рӯзи 10 августи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин баргузор гардид. Дар чорабинии идона варзишгарон, мураббиён, кормандони…
Рӯзи 10 августи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин баргузор гардид.
Дар чорабинии идона варзишгарон, мураббиён, кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, роҳбарони муассисаҳои варзишӣ, собиқадорон ва фаъолони соҳа ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ раиси ноҳия варзишгарон ва кулли фаъолони соҳаи варзишро бахшида ба Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи варзиш ва дастгирии пайвастаи варзишгарон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар арзёбӣ намуда, барои солимии насли наврас ва ташаккули тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор собиқадорон, варзишгарони фаъол, ғолибони мусобиқаҳо, мураббиёни соҳибтаҷриба, ҷоизадорони сатҳи ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва кормандони муассисаҳои варзишӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати дигари чорабиниро барномаи фарҳангию ҳунарӣ, ки дар доираи таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сомон дода шуда буд, шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.