Имрӯз 9 феврали соли 2026 дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовинони раиси ноҳия доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 дар ҳузури васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Баъди пешниҳоди ҳисоботи муовнони раиси ноҳия намояндагони васоити ахбори омма бо масъалаҳои роҳдорӣ, барқ, маориф, фарҳанг, ҷангалпарварӣ, сайёҳӣ, молия, бонкдорӣ мароқ зоҳир намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.