МУЛОҚОТИ МУСТАҚИМ БО СОКИНОН ДАР ДОИРАИ МАЪРАКАИ "ХОНА БА ХОНА"
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, инчунин дар асоси ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус намояндагони ҷамоати деҳоти Тоҷдорон ва раиси кумитаи маҳаллаҳо, деҳаҳои ҳудуди ҷамоат баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тағриботию фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Поёншаҳри ҷамоати деҳоти Тоҷдорон доир ба масъалаҳои ҷалб намудани сокинон бо корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҷинояту қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, тағриби либосҳои миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ, яъне оростани маъракаҳои дабдабанок, истифодаи самараноки нерӯи қувваи барқ, дастгирии таббақаҳои камбизоат, маъюбон ва эҳтиёҷмандони ҳудуди маҳаллаву деҳаҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо усули "Хона ба хона" баргузор гардид.