Ҷашни Артиши миллӣ-рамзи Амнияти давлат
Санаи 23-уми феврали соли 2026 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона, бо иштироки раиси ноҳия, мӯҳтарам Абдуллозода Тағой Маҳкам ва иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия ҳозиринро бо иди Артиши миллӣ табрику таҳният намуда иброз дошт, ки 33-соле, ки ба осонӣ ба даст наомада буд. Дар тули 33 соли оромиву осудагии ватан Сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Мо бояд дарк намоем, ки хизмат ба Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаб шуҷоату мардонагӣ ва меҳанпарастиро омӯзем.
Дар охир як қатор кормандон ва афсаронро бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуд. Ин чунин аз тарафи кормандони шӯъбаи қасри фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ ташкил карда шуд. Ҷашни Артиши миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати баланд анҷом ёфт.