Идомаи аксияи "Либоси миллӣ-таҷассумгари симои миллат"
Имрӯз ноҳияи Шаҳритус фазои идона дошт. Ҷавонону духтарон, кӯдакон либоси идона ба бар карда дар майдони Сомонии ноҳияи Шаҳритус ҷамъ омаданд. Ҳадафи чорабинӣ тағриби либосҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ миёни сокинон арзёбӣ шуд. Чорабинӣ бо шукӯҳу шаҳомат оғоз гардида, иштирокдорон бо либосҳои зебову рангоранги тоҷикӣ дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуда, намунаи олии арҷгузорӣ ба фарҳангу суннатҳои миллӣ нишон доданд. Чорабинӣ дар фазои болидаву ватандӯстона баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки сокинони ноҳияи Шаҳритус дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ устуворанд.