Экстремизм ва терроризм ва хатари он дар ҷомеа. Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи шахритус вохурии муҳими сиёсӣ-маърифати бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерхонзода Исмоил Барот,роҳбарият ва фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз,пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм тибқи стратегияи пешгирии терроризм ва экстремизм барои давраи то соли 2040 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар вохури бо фаъолони ноҳияи шахритус зикр гардид,яке аз омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ-паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ,таъсири таблиғоти ғаразнок мебошад. Дар охири чорабини ба ҳозирин ҷиҳати баланд бардоштани масъулиятшиносӣ, ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.