Санаи 3 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳал вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Камолиддин Муминзод бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва раисони…
Санаи 3 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳал вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Камолиддин Муминзод бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва раисони маҳаллаҳои пилотии Гулреза, Навбаҳор, Файзбашх ва Ҳаёти нави ноҳияи Шаҳринав дар самти татбиқи лоиҳаи дастгирии молиявии Ташкилоти ғайритиҷоратии “Семаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи ҳамкорӣ “Оид ба рушди деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” байни Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайритиҷоратии “Семаул Ундонги Ҷумҳурии Корея” аз соли 2024 оғоз гардида, дар 4 маҳаллаҳои пилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумлаи деҳаҳои Гулреза, Навбаҳор, Ҳаёти нав ва Файзбахш аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав) бо ҷалби маблағи 440 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гашта истодааст.
Мавриди зикр аст, ки то ин давра марҳилаҳои якум ва дуюми рафти амалишавии лоиҳаҳо дар маҳаллаҳои пилотии болозикр ба анҷом расонида шуда, ҳисоботҳои мушаххас аз натиҷаи корҳои ба анҷом расонидашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Зимни вохӯри масъалаҳо вобаста ба оғози корҳо дар самти татбиқи лоиҳа дар марҳилаи сеюми лоиҳаи дастгирии молиявии маҳаллаҳои пилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин дар рафти кори ҷаласа ҳисоботи раисони маҳаллаҳои пилотии Гулреза, Навбаҳор, Файзбахш ва Ҳаёти нав аз натиҷаи оғози корҳои марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа шунида шуд.
Дар фарҷоми вохӯри аз ҷониби раиси Кумитаи рушди маҳал ба масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва раисони маҳаллаҳои пилотии болозикр ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар самти татбиқи лоиҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.