2 октябри соли 2026 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Давлатзода Зарина Дилмурод ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Низомнома ва дастурамали намунавӣ барои шуъба ва бахшҳои…
2 октябри соли 2026 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Давлатзода Зарина Дилмурод ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Низомнома ва дастурамали намунавӣ барои шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи рушди маҳал ва вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба таҳия ва такмили ҳуҷҷатҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа сохтор, самтҳои асосии фаъолият, вазифа ва уҳдадориҳои шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён ҷиҳати такмили мазмуну муҳтавои лоиҳаи Низомнома ва дастурамали намунавӣ, дақиқ намудани вазифаҳои сохторҳои мазкур ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи қонунгузории амалкунанда пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба ба инобат гирифтани пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор ва идомаи корҳо ҷиҳати такмили ҳуҷҷатҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.