Санаи 8 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовара бо иштироки муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовид Исмоилзода баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Кумита Камолиддин Муминзод оғоз намуда, доир ба таҳкими коргузорӣ, назорат ва натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Кумита суханронӣ намуд.
Аз ҷумла қайд намуд, ки фаъолияти Кумита барои иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, бо ин васила сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал татбиқ гардида истодааст.
Вобаста ба ин, чораҳои андешидаи Кумита шароит фароҳам оварданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал ба роҳ монда шудааст.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Кумита фаъолияти раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлил ва пурсишу баррасӣ қарор гирифта, барои самаранокии фаъолияти минбаъда дар назди воҳидҳои сохтории Кумита иҷрои вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.