Дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон апробатсияи даври дуюм дар қитъаҳои таҷрибавӣ гузаронида шуд. Дар рафти апробатсия ҳолати нашъунамои зироатҳо, хусусиятҳои навъҳо, дараҷаи инкишоф, ҳосилнокӣ ва дигар…
Дар Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон апробатсияи даври дуюм дар қитъаҳои таҷрибавӣ гузаронида шуд.
Дар рафти апробатсия ҳолати нашъунамои зироатҳо, хусусиятҳои навъҳо, дараҷаи инкишоф, ҳосилнокӣ ва дигар нишондиҳандаҳои муҳими агробиологӣ мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Мутахассисон ва кормандони соҳаи зироаткорӣ қитъаҳои таҷрибавиро аз назар гузаронида, натиҷаҳои бадастомадаро таҳлил намуданд.
Апробатсия яке аз марҳилаҳои муҳими корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани хусусиятҳои навъҳо, мутобиқшавӣ ва самаранокии онҳо аҳаммияти муҳим дорад.
Гузаронидани чунин корҳои илмӣ дар самти рушди зироаткорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани навъҳои серҳосил ва ба шароити иқлимии ҷумҳурӣ мутобиқ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самти омӯзиш, санҷиш ва интихоби навъҳои беҳтарини зироатҳои кишоварзӣ идома медиҳад.