Санаи 4 июли соли 2026 дар Стансияи таҷрибавии Панҷакенти Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари илмию амалии минтақавӣ таҳти унвони «Ғизодиҳии баргии зироати шолӣ» баргузор гардид. Дар семинари мазкур…
Санаи 4 июли соли 2026 дар Стансияи таҷрибавии Панҷакенти Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари илмию амалии минтақавӣ таҳти унвони «Ғизодиҳии баргии зироати шолӣ» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва намояндагони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокдорон бо дарки аҳаммияти ҳадафҳои стратегии кишвар доир ба мавзӯъҳои марбут ба ғизодиҳии баргии зироати шолӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави кишти зироатҳои гуногун ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавсия карда шуд.