Ҷашни Тиргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони эронитабор буда, таърихи зиёда аз 2500 сол дорад. Он рамзи об, ҳаёт, фаровонӣ, сулҳ ва дӯстӣ мебошад. Аз замонҳои қадим мардум ин ҷашнро барои сипосгузорӣ аз неъматҳои табиат…
Ҷашни Тиргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони эронитабор буда, таърихи зиёда аз 2500 сол дорад. Он рамзи об, ҳаёт, фаровонӣ, сулҳ ва дӯстӣ мебошад. Аз замонҳои қадим мардум ин ҷашнро барои сипосгузорӣ аз неъматҳои табиат ва дуо барои ҳосили фаровон таҷлил мекарданд.
Рӯзи 28.06.2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам», аз ҷониби олимон ва мутахассисони Институти зироаткорӣ, дар намоишгоҳ дастовардҳои муҳими соҳаи зироаткорӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулоти босифат ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, пешниҳод гардиданд. Ин иқдом бозгӯи рушди соҳа ва саҳми олимону мутахассисон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Ҷашни Тиргон ҳамасола дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир баргузор шуда, ҳамчун ҷашни об ва борон шинохта мешавад. Тибқи ривоят, Ораши Камонгир бо партоби тир сарҳади байни Эрон ва Тӯронро муайян намуда, сабаби барқарор шудани сулҳ гардид.