ДОНИШ РАВШАНГАРИ РОҲИ ЗИНДАГИСТ
https://www.facebook.com/share/p/19VTxovCmS/
Ҳамасола дар арафаи соли нави таҳсил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ суханронӣ намуда, вазъи таълиму тарбияи насли наврасро ҳамаҷониба таҳлил карда, дар назди кормандони ин соҳа ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо вазифаҳои мушаххас мегузоранд.
31 августи соли 2026 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 105 - уми шаҳри Душанбе ба ин муносибат суханронӣ намуданд. Муассисаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд ёфта, барои 2400 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Бояд хотирнишон намуд, ки масъалаҳои таълиму тарбия, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, тамоми дастовардҳои мо дар самти ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд. Барои мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “ Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат гирифт, нишонаи кушишҳои пайгиронаи кишвари мо барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар олам маҳсуб меёбад.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи шабакаҳои интернет ва телефонҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки зарурати дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмондан ба миён омадааст. Зарар ё манфиати истифодаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки чигуна истифода мегарданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи беназорати шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда гардидааст. Зеро ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ меъёр ва хусусияти синнусолӣ риоя намегарданд ва аз ҳамин сабаб қисме аз кӯдакону наврасон таҳти таъсири манфии иттилоот қарор гирифтаанд.
Кӯдакону наврасон ояндаи миллатанд ва мо наметавонем нисбат ба солимии онҳо, яъне ояндаи миллат, бетараф бошем, таъкид доштанд Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ. Бо дарназардошти ин, ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода мешавад, ки муддати се моҳ масъалаи мазкурро таҳлилу баррасӣ карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ ҷавонон бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки онҳо бояд шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд, бо иттилооти ғаразноку хабарҳои бардурӯғ, бахусус, бо ғояҳои ифротгароёна муқовимат карда тавонанд, интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода кунанд, вақти худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд ва дар таъмини амнияти иттилоотиву мафкуравии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар раванди пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзии муосир, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешрафт бе кадрҳои соҳибкасбу соҳибҳунар ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ташаккули низоми муосири касбомӯзӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тавре зикр гардид, таъсиси ин сохтор имкон фароҳам овард, ки механизмҳои ҳамоҳангсозӣ, робитаи мустақим бо бозори меҳнат ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ рушд намоянд. Дар ин муддат шумораи касбу ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 230 ба 730 номгӯй расонида шуд.иҲоло аз рӯйи ин касбу ихтисосҳо кадрҳои коргарӣ ва мутахассисон омода карда мешаванд. Ҳамин тариқ, ин тарзи низоми муосири касбомӯзӣ тадриҷан ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардида, барои соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ кадрҳои зарурӣ омода менамояд.
Вобаста ба раванди муосири касбомӯзӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом бошад. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми интихоби касб тамоюли зоҳирпарастӣ, тақлид ба дигарон ҷой доранд.
Аксари ҷавонон хоҳиши табиб ё ҳуқуқшинос шуданро доранд. Яъне, дар ин маврид интихоби касб на мувофиқи қобилият, балки аз рӯйи ҳавас сурат мегирад. Воқеият ва талаби имрӯз ба инобат гирифта намешаванд. Ҳоло мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва ғайра дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд.
Барои дарёфти маълумот оид ба чунин касбҳо дар ҷумҳурӣ шароиту имкониятҳо зиёданд. Ҷавононро лозим аст, ки аз ин фурсати муносиб истифода баранд ва сатҳи донишу маҳорати касбии худро баланд бардоранд.
Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ ҳалли бисёр масъалаҳои мубрамро ба миён гузоштанд, ки бевосита ба фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандони Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ рабт доранд. Дар ин радиф, метавон масоили ташаккул додани низоми муосири касбомӯзӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ғайраро ном бурд.
Аз ин рӯ, ходимони илмии муассисаро зарур аст, ки корҳо илмӣ ва таҳқиқотиро дар самтҳои мазкур самарабахш роҳандозӣ намоянд.
Маҳмадбекзода М.Ш.,
доктори илмҳои сиёсӣ,
директори Муассисаи давлатии
Пажуҳишгоҳи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ