ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ИҶТИМОИВУ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН https://www.facebook.com/share/p/1DPALJZ4Md/ Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз…
ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ИҶТИМОИВУ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва №33-и Ҷамоати деҳоти Вобканд биноҳои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуданд. Ҳар кадоми ин биноҳо дорои таҳхона ва 8 синфхона буда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин мебошанд. Бунёди чунин иншоот барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои соҳаи маориф дар маҳал заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар деҳаи Саридиҷи Ҷамоати деҳоти Кайқубод бунгоҳи тиббӣ ва дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Вобканд майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Иншооти мазкур бо ташаббус ва саҳми волидон ва соҳибкорони ноҳия бунёд гардида, барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонону наврасон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамоянд.
Дар баробари ин, бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар шаҳраки Қубодиён мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, дар ҷамоатҳои деҳоти Кайқубод 1 адад ва Заркамар 2 адад мағозаи тиҷоратӣ ба истифода дода шуданд.
Ифтитоҳи чунин иншооти тиҷоратӣ барои таъмини аҳолӣ бо масолеҳи сохтмонӣ ва молҳои ниёзи мардум, рушди соҳибкории маҳаллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасони дар соҳаи савдои ноҳия мусоидат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, ба истифода додани иншооти нави иҷтимоӣ, таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ ва тиҷоратӣ дар ноҳияи Қубодиён бозгӯи идомаи корҳои созандагиву ободонӣ дар кишвар буда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ қадами муҳим ба ҳисоб меравад.