16 сентября 2026
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР ДОИРАИ ТАТБИҚИ СОЗИШНОМА
https://www.facebook.com/share/p/18DJ9Ssy53/
Бо мақсади татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи сафарбаркунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Санкт Петербург баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи бокортаъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Санкт Петербург ва вилояти Ленинград баррасӣ гардида, Созишномаи ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалии шаҳри Санкт Петербург ва корфармоёни алоҳида, аз қабили: ҶДММ "Мастер принт", ҶСП "Березовское", ҶДММ "Инжиниринг СВ" ва СИ "Шопен Дмитрий Алексеевич" ба имзо расонида шуд.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ аз Маркази муҳоҷирати «Южный», ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубоши қонунӣ дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хизматрасонӣ мерасонад, боздид ба амал оварда шуд.