МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ШОҲИГАРИИ МУТТАҲИДАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ВА ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
https://www.facebook.com/share/p/1YPWZzXpSu/
Санаи 3 августи соли 2026 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазир таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва шарикии созандаро бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баланд арзёбӣ намуда, ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои муҳими фаъолият байни ду кишвар медонад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир»-ро, ки бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки дар доираи ин лоиҳа низоми иттилоотонӣ, хатти доимоамалкунандаи машваратӣ, курсҳои омӯзиши забони англисӣ, саводнокии молиявӣ ва омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Сафир оид ба корҳои анҷомдодашуда бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда иброз намуд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳо дар самти ҷалби бештари корфармоёни бритониёӣ ва сафарбаркунии бештари хоҳишмандон барои корҳои мавсимӣ равона карда шуд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар самти рушди муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ ба манфиати ҳар ду кишвар таъкид карданд.