ИТТИЛООТ БАРОИ ШАҲРВАНДОН – РОНАНДАГОНИ КАСБИИ НАҚЛИЁТИ БОРКАШ
https://www.facebook.com/share/p/1MB57CmGGe/
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба диққати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчун ронандагони касбии нақлиёти боркаш фаъолияти интиқоли байналмилалии борро анҷом медиҳанд, мерасонад, ки аз 30 июни соли 2026 муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҳайси ронандагони касбӣ фаъолият менамоянд, аз 90 то 180 шабонарӯз дар давоми як соли тақвимӣ тамдид карда шудааст.
Ҳамзамон, таъкид карда мешавад, ки барои истифодаи ин имтиёз риояи шартҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
— ирсоли қаблии ариза дар бораи ҳадафи воридшавӣ ба Россия бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки анҷом додани интиқоли байналмилалии борро тасдиқ менамоянд ( *тариқи замимаи Госуслуги ruID* );
— ҳангоми убури сарҳади Россия ҳатман нишон додани ҳадафи воридшавӣ ҳамчун «ронанда».
Тартиби пешниҳоди чунин ариза ва рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ тибқи Қоидаҳои гузаронидани озмоиш оид ба санҷиши тартиб ва шартҳои воридшавӣ ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷӣ аз Россия муайян гардидааст ( *Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 ноябри соли 2024 таҳти №1510* ).
Илова бар ин, барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ё таҳсил ба Россия ворид мегарданд, ҳангоми муроҷиат ба хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, тасдиқи иловагии ҳадафи воридшавӣ дар асоси маълумоти аризаи пешниҳодшуда талаб карда мешавад.
Муҳлати амалисозии озмоиши мазкур то 31 декабри соли 2027 тамдид гардидааст.
Намояндагӣ тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон ҳангоми банақшагирии сафар ва фаъолияти меҳнатии худ талаботи зикршударо ҳатман риоя намоянд, то аз мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми воридшавӣ ва будубош дар қаламрави Россия пешгирӣ карда шавад.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru