БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОҲОИ ҲУНАРМАНДИИ НАЗДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
https://www.facebook.com/share/p/1B6g2VDbun/
Санаи 22 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шуро Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, муовини вазир Ашурализода Абдураҳмон, аъзои Шуро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар сатҳи роҳбарият иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи раисони Шуро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба вазъи рушди соҳаи ҳунармандӣ шунида шуд. Дар ҳисоботҳо натиҷаҳои фаъолияти шуроҳои маҳаллӣ, корҳои анҷомдодашуда дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани ҳунармандони нав, ташкили намоишу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, инчунин мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки шуроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, ташкили курсҳои омӯзиши ҳунарҳои миллию муосир ва ҷалби аҳолӣ, бахусус занону ҷавонон, ба касбомӯзӣ нақши муҳим доранд.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Раиси Шуро вобаста ба ҳисоботҳои пешниҳодшуда саволу ҷавоб баргузор гардида, барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти шуроҳои маҳаллӣ, густариши ҳамкории байниидоравӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти ҳунармандӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа нақшаи кори Шуро барои нимсолаи дуюми соли 2026 қабул гардида, масъалаҳои дигари марбут ба рушди соҳаи ҳунармандӣ баррасӣ ва барои иҷрои саривақтии вазифаҳои муайяншуда қарори дахлдор қабул гардид.