35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ - САҲМИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР РУШДИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ
https://www.facebook.com/share/p/1EvGKvA2iT/
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи устувор ва имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба марҳилаи нави рушд қадам гузошт. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин таъмини шуғли пурмаҳсул, рушди бозори меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ масъалаи таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб аҳамияти махсус касб намудааст. Бо дарназардошти ин, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ фаъолияти худро ба татбиқи сиёсати давлатии шуғл, мусоидат ба аҳолӣ дар пайдо намудани ҷойи кори муносиб, баланд бардоштани рақобатпазирии нерӯи корӣ ва рушди бозори меҳнат равона намудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ фаъолияти Агентӣ ба маротиб густариш ёфта, низоми хизматрасониҳо ба шаҳрвандон такмил дода шуд. Тавассути марказҳои шуғли аҳолӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ба онҳо ҷойҳои кори холӣ пешниҳод мегарданд, машваратҳои касбӣ дода мешаванд ва барои интихоби касби мувофиқ мусоидат карда мешавад. Ин тадбирҳо барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ аҳамияти калон дорад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентӣ ташкили омӯзиши касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор мебошад. Бо назардошти талаботи бозори меҳнат ҳамасола ҳазорҳо нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла дӯзандагӣ, кафшергарӣ, барқчигӣ, дуредгарӣ, ошпазӣ, барномасозӣ ва дигар касбҳои серталаб ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Баъди хатми курсҳо қисми зиёди хатмкунандагон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳм мегузоранд.
Дар баробари ин, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки корфармоён ва корҷӯён бевосита бо ҳам вохӯрда, мувофиқи ихтисос ва малакаи касбӣ ҷойи кори муносибро интихоб намоянд. Ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон мебошад. Пеш аз сафар шаҳрвандон бо маълумоти ҳуқуқӣ, қоидаҳои муҳоҷират, талаботи бозори меҳнати давлатҳои қабулкунанда ва омӯзиши касбу забон таъмин карда мешаванд. Ин тадбирҳо барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори байналмилалии меҳнат аҳамияти калон доранд.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд. Бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ҷавонони хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ ҷойҳои нави корӣ пешниҳод гардида, онҳо ба омӯзиши касбӣ ва соҳибкорӣ ҷалб карда мешаванд. Ин сиёсати давлатӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон бо меҳнати ҳалол дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар солҳои истиқлол ҳамкории байналмилалии Агентӣ низ густариш ёфтааст. Бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои гуногун дар самти рушди бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои шуғл, рақамикунонии хизматрасониҳо ва омӯзиши мутахассисон амалӣ гардидаанд. Ин ҳамкориҳо барои мутобиқ намудани бозори меҳнати Тоҷикистон ба талаботи замони муосир мусоидат менамоянд.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дастовардҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ самараи сиёсати созандаи давлат, сулҳу субот ва фазои ороми Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳа бо масъулияти баланд фаъолияти худро идома дода, барои амалисозии сиёсати давлатии шуғл, рушди бозори меҳнат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тамоми имкониятҳоро истифода мебаранд.
Боварии комил дорем, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат ва бо заҳмати содиқонаи кормандони соҳа дар солҳои минбаъда низ Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди бозори меҳнат нақши арзандаи худро гузошта, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар хоҳад гузошт.
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе
Умарзода Мадиёр Хайрулло