ШАЙХУРРАИС АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
https://www.facebook.com/share/p/1PX8pVEYiL/
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ боз як ташаббуси нави маънавии ҷаҳонӣ зоҳир намуданд. Ин иқдоми Пешвои миллат нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбати шахсияти яке аз чехраҳои тарихии ниёгонамон буда, аҳамият ва моҳияти ҷаҳонӣ дорад.
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ( муосиронаш ӯро ҳамин тавр ном дода буданд ) дар оилаи тоҷикзабон таваллуд ва ба воя расидааст. Падараш Абдулло аз Балх, ки асосан он ҷо форсзабонон-тоҷикон зиндагӣ доштанд, мебошад. Азбаски бо сарвари сулолаи Сомониён-шоҳ Сомон пайвандӣ доштан, ба Бухоро меояд. Ӯ дар девони давлати Сомониён вазифаи ҷамъоварии закотро ба уҳда дошт.
Бо Ситора аз табори ашрофзодаҳои тоҷики Бухоро – сокини деҳаи Афшана (ноҳияи Бухоро) оила барпо менамояд. Аз ин оилаи тоҷикзабон (модараш Ситора ном доштан исботи тоҷик будани ӯст) соли 980 Абуалӣ ибни Сино таваллуд меёбад. Бо доштани донишу заковат ва зеҳни бурро дар синни ҳаждаҳсолагӣ ҳамаи илмҳои он замонро меомӯзад. Донандаи забонҳои форсӣ, арабӣ, юнонӣ буд. Тавассути забони юнонӣ бо асарҳо ва таълифоти файласуфони юнонӣ ошно гашта, баъдан худи ӯ бо инкишофу такмили ғояҳои фалсафӣ дар ин бахши илм муваффақ шудааст.
Дар аҳди Сомониён,ки давраи ташаккулёбии халқи тоҷик дониста мешавад, шароити мусоиде барои рушди илму фарҳанг фароҳам омад. Олимоне чун Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд. Абуалӣ ибни Сино бахусус нисбати илми тиб таваҷҷуҳи зиёде дошт. Ҳануз дар аҳди Сомониён ҳамчун табиб машҳур гашта буд. Ба хотири муолиҷа намудани амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ дар китобхонаи машҳури аҳди Сомониён роҳ меёбад ва ҳамчун донандаи чанд забон адабиёти доир ба риштаҳои мухталифи илму фанро ҳамаҷониба азхуд менамояд. Ин имконияти муносиб дар таҳсилоту донишандӯзӣ, ташаккули шахсияти Абуалӣ ибни Сино ба аҳамияти калон молик мебошад.
Давлати сулолаи Сомониён баъди чанд муддати ҳукмрониаш ба таҳдиди Қарахониҳо ва ҳамлаи султон Маҳмуди Ғазнавӣ дучор гашта, ниҳоят соли 999 барҳам мехурад. Ба сари давлат омадани намояндаи забону миллати ғайр таъкибу таҳдиди уламо ва удабои тоҷикзабонон оғоз меёбад. Чун Фирдавсӣ Абуалӣ ибни Сино низ аз дасти султон Маҳмуд хоки Бухороро тарк менамояд. Султон Маҳмуд Абуалӣ ибни Синоро барои дар дарбораш хизмат кардан даъват менамояд. Бинобар рад кардани ин пешниҳод ба ғазаби султон Маҳмуди ғаддор гирифтор мешавад. Аз ҳамин давра дурудароз сарсону саргардонии ӯ оғоз меёбад. Дар Хоразм, Абевард, Гургон, Қазвин, Рай, Исфаҳон панаҳ меҷӯяд.
Дар Исфаҳон муддате ба дарбори Алоуддавла хизмат кард. Мутобиқи фармони ҳокими Исфаҳон Алоуддавла Абуалӣ ибни Сино асари машҳураш “ Донишнома” ё “Донистанномаи Алоӣ”- ро бо забони тоҷикӣ менависад. Аммо инҷо низ аз таъкибу таҳдид халосӣ надошт.
Ниҳоят ба Ҳамадон, ки дар қаламрави султон Маҳмуд қарор надошт, панаҳ мебарад. Дар инҷо ба дарсгӯйӣ ва табобат машғул шуда,асарҳои зиёдеро таълиф менамояд. Аз шарҳи ҳоли мухтасари шайхурраис Абуалӣ ибни Сино маълум мегардад, ки ба кадом забону миллат мансубият дорад. Ба дарбори султон Маҳмуди турктабор хизмат накардану ҷони худро ба хатар гузоштан, рӯ ба ҳиҷрат овардану гирифтори мушкилоти зиёди зиндагӣ шудан, ниҳоят волидайни ӯ аз табори тоҷикон будан, бидуни баҳсу мунозира ин ва дигар далелҳо бурҳони қотеъ ҳастанд, ки аз ҳар ҷиҳат Абуалӣ ибни Сино тоҷики асл буд.
Тӯли зиндагии худ ӯ энсиклопедисти халқи тоҷик дар асри Х-Х1, донишманди серҷабҳа, файласуф, табиб, шоир, сиёсатмадор шинохтаву эътироф шудааст. Бахусус китоби ӯ “Ал-Қонун фи-т-тиб” нодиртарин асари илми тиб буда, давоми шаш аср (Х1-ХУ11) ҳамчун дастуру раҳнамои духтурон ва китоби дарсӣ барои мактабҳои тиббии Аврупо истифода мешуд. Ин китоб ҳанӯз дар асри Х11 бо забонҳои лотинӣ, ибрӣ ва ғайра борҳо нашр шудааст. Китобҳои “ Ал-Қонун” ва “ Донишнома”-и Сино бо забони русӣ низ тарҷума шудааст. Ҳануз ҳам аз ин китобҳо дар тиб ва дигар илмҳо васеъ истифода мешаванд. “Ибни Сино дар Шарқ ва Ғарб чун бузургтарин файласуфи замон шӯҳрат пайдо кард.
Асари энсиклопедии Ибни Сино “ Китобу-ш-шифо”, ки дар хусуси мантиқ, табиатшиносӣ, метафизика ва риёзиёт баҳс менамояд ва “ Донишнома”, ки ба забони тоҷикӣ навишта шуда, масъалаҳои оид ба мантиқ, илми табиат, фалсафа, риёзиёт ва нуҷумро дар бар мегирад, дар қатори “Ал-Қонун ” ва дигар асарҳои ӯ, аз беҳтарин ёдгориҳои афкори пешқадами қарнҳои Х-Х1 ба шумор мераванд”. (Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”. Душанбе-2020.саҳ.435) “Китобу-ш-шифо”- и бо забони тоҷикӣ таълиф намудаи Абуалӣ ибни Синоро устоди Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ) Ҳасан Иброҳим ал- Наққош, ки солҳои зиёд ба донишҷӯёни тоҷик аз забону адабиёти араб дарс мегуфт, ба забони арабӣ тарҷума кардааст.
Абуалӣ ибни Сино баробари донандаи илми тиб будан, ҳамчун шоир, ки бо забони тоҷикӣ эҷод мекард, шуҳрат дорад. Дар ин ҷода низ бо каломи бадеъ огаҳии комил дошта, тавассути ашъораш,бахусус рубоиёт бо маҳорати адабӣ андешаю ақидаҳои баланпоя эҷод кардааст, ки дар адабиёти классикии тоҷик ҷойгоҳи муносибро дорост. Осори назмии ӯ фарогири мавзуҳои фалсафӣ, панду ахлоқ, ақидаҳои инсондӯстӣ, ватанхоҳӣ ва ғайра мебошанд.
Ашъори беш аз ҳазор сол қабл эҷодкардааш бо содагию равонӣ, ҳусни баён барои хонандаи имрӯз ҳам ошно, гуворою фаҳмо мебошад. Мисли ин байти шайхурраис Абуалӣ ибни Сино :
Ҳаройина,хайри фаровон ҳикмат аст,
Неъмати он бартарин неъмат аст.
Маҳмадбекзода Моёншо.,доктори илмҳои сиёсӣ,директори Муассисаи давлатии ”Пажӯҳишгоҳи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ”