ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ДАВЛАТ
ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶАВОНОН – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ДАВЛАТ
https://www.facebook.com/share/p/1DHguCrKWS/
Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат дар меҳвари сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи таълиму тарбия, дастгирии иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, соҳибкасб, шуғли аҳолӣ ва рушди қобилияти ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд, таваҷҷуҳи хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон заминаи устувори рушди сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардааст.
Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон идомадиҳандаи роҳи давлатдорӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва созандагони фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон пайваста тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд. Бо ташаббуси роҳбарияти давлат санадҳои муҳими ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Дастгирии таҳсил ва рушди илм
Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон рушди соҳаи маориф ва илм мебошад. Солҳои охир дар саросари кишвар садҳо муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, шароити муосири таҳсил барои хонандагон ва донишҷӯён муҳайё шудааст. Ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ва хориҷ аз он дастгирӣ мегарданд. Стипендияҳои президентӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин имкониятҳои таҳсил дар муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳон барои тарбияи мутахассисони баландихтисос мусоидат менамоянд.
Ҷавонон ва меҳнат
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи шуғли ҷавонон низ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Бо таъсиси марказҳои касбомӯзӣ, татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ ҳазорҳо ҷавон соҳиби касбу ҳунар гардида, ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шудаанд.
Пешвои миллат ҷавононро пайваста ба омӯзиши касбҳои муосир, истифодаи технологияҳои нав, рушди соҳибкорӣ ва меҳнати ҳалол ҳидоят менамоянд. Ин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон ва рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон доранд.
Тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамеша дар суханрониҳои Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус дорад, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷавонон бояд таърихи давлату миллат, фарҳанг ва забони модарии худро омӯзанд, қонунҳоро эҳтиром намоянд ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Ҷавонон ва мубориза бо таҳдидҳои муосир
Дар ҷаҳони имрӯз ҷавонон бояд аз таъсири ақидаҳои ифротӣ, терроризм, экстремизм, хурофот ва дигар зуҳуроти номатлуб эмин бошанд. Пешвои миллат пайваста ҷавононро ба донишандӯзӣ, фарҳангпарварӣ, истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ даъват менамоянд. Баланд гардидани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ҷавононро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ муҳофизат намуда, онҳоро ба нерӯи созанда табдил медиҳад.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба ҷавонон шаҳодати он аст, ки рушди Тоҷикистон бо ҷавонони донишманд, ватандӯст, соҳибкасб ва масъулиятшинос имконпазир мебошад. Имрӯз барои ҷавонон тамоми шароит муҳайё гардидааст, то онҳо бо дониш, меҳнати ҳалол ва ташаббуси созанда дар пешрафти давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳар як ҷавони тоҷик бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, бо ҳисси баланди масъулият, меҳнатдӯстӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ барои ободии Ватани азиз фаъолият намояд. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳз аз талош, дониш ва заҳмати ҷавонони имрӯз вобаста аст.
Тимерова Шаҳриниссо
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии