ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ https://www.facebook.com/share/p/17Xs6k5vmL/ 25 июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ…
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
25 июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ, хадамотҳо, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии низоми вазорат баргузор гардид.
Чорабиниро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, аз аҳамияти бузургу таърихии Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти устувори кишвар ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардида, барои зиндагии осоишта ва пешрафти ҷомеа заминаи устувор фароҳам оварда шуд. Қайд карда шуд, ки Ваҳдат на танҳо як вожаи холиси маънавӣ, балки пояи ҳастии миллат, рукни суботи иҷтимоӣ ва асоси давлатсозии воқеӣ барои мо тоҷикон гардид. Ин калима бо тамоми мафҳумаш дар сафҳаи хотири он нафароне, ки ошуби шаҳрвандӣ ва бенизомии давлатдориро диданд, чун барқ медурахшад.
Имрӯз мо бо ифтихормандӣ иброз медорем, ки ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва Ватану миллат аз синаи марди пурсадоқат, шуҷоат ва меҳандӯсту хирадпеша Сарвари муаззами миллатамон, равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа маншаъ гирифт ва миллатро дубора ба ҳам овард. Бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати ваҳдатгароёнаи ӯ тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд.